Дар пойтахти Қатар мулоқоти вузарои хориҷаи Русия ва Туркия баргузор шуд. Дар навор дида мешавад, ки ду дипломат як дигарро чӣ гуна пазироӣ мекунанд.
Гуфта меашвад, ки вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар фурудгоҳи байналмилалии Доҳа гуфтушунид карданд. Лавров барои мулоқот бо вазири хориҷаи Туркия аз Риёз ба Доҳа омад ва ҳамтои туркаш Чавушоғлу аз Бишкек ба Доҳа расид.
Вазири корҳои хориҷии Туркия бо як сафари расмӣ дар Қирғизистон буд. Дар он ҷо Чавушоғлу бо роҳбарияти олии Қирғизистон мулоқот кард.
Пас аз суханони истиқболӣ, ҷонибҳо ба музокирот оғоз карданд, ки паси дарҳои баста сурат гирифт.