Рӯзи 12 март дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1812 дар натиҷаи заминларза дар Венесуэла зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1913 Конберра пойтахти Австралия эълон карда шуд.
Соли 1950 дар раъйпурсии Белгия аксарияти аҳолӣ барои барқарорсозии сохти монархия овоз доданд.
Соли 1999 Чехия, Венгрия ва Полша ба ҳайати Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) шомил шуданд.
Рӯзи 12 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2010 дар пойтахти Қатар – Доҳа қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар варзишгоҳи пӯшида баргузор гардид, ки дар он давандагони тоҷик низ иштирок намуданд.
Соли 2012 дар шаҳри Маскав дар мавзӯи "Диаспораҳои тоҷик дар Россия: афзалиятҳои иқтисодию фарҳангӣ" ҷамъомад баргузор гардид.
Соли 2013 дар варзишгоҳи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, дастаи "Регар – ТадАЗ" -и шаҳри Турсунзода дар вохӯрии дуюми даври гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо чемпиони даҳкаратаи Баҳрайн "Ал – Риффоъ" сабқат анҷом дод.
Соли 2013 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба бунёди як маркази бузурги тиҷоратӣ оғоз бахшида, терминали марказии нақлиётии пойтахтро расман ифтитоҳ намуданд.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ фармон ба имзо расониданд.
Соли 2016 бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ботантанаи кушодашавии Фестивали дурӯзаи фарҳанги Япония "Рӯзҳои Япония" баргузор гардид.
Соли 2017 давраи дуюми Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои "Хуҷанд" – "Вахш", "Панҷшер" – "Ҳосилот", "Барқчӣ" – "Регар-ТадАЗ" баргузор гардид.
Ҷашнҳои рӯзи 12 март
Рӯзи 12 март кӣ ба дунё омадааст
Соли 1910 - оҳангсоз, ходими намоёни санъат Шариф Бобокалонов.
Соли 1938 - олими таърихшинос Юсуф Раҳимов.
Соли 1948 - олим Зоирбой Восидов
Соли 1959 - ходими намоёни давлатӣ, иқтисоддон Шариф Раҳимзода
Соли 1959 - нависанда, режиссёр Гулбаҳор Мирзоева
Соли 1960 - нависанда, доктори илмҳои филология Салими Хатлонӣ.