ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳудуди 40 дар сади маблағи аз содирот ба даст оварадаро ба воридоти озуқа масраф шудааст.
"Маблағи умумии содирот дар соли гузашта 3,15 миллиард долларро ташкил дод, ки аз он бештар аз 1,2 миллиардаш ба воридоти озуқа сарф шудааст", - менависад Агентии омори кишвар.
Аз ҷумла, ҳиссаи воридоти шакар ва равғани растанӣ дар соли гузашта бештар аз 146,5 миллион долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, дар умум ба 295,2 миллион доллар озуқаворӣ харида шудааст. Ҳамчунин ба 32,1 миллиони дигар гӯшти мурғ ва гов ворид шудааст.
Ёдрас мешавем, соли гузашта дар Тоҷикистон арзиши равғани растанӣ, шакар, тухми мурғ ва дигар маҳсулотҳо ба таври назаррас гарон шуд.
Дар ҳамин ҳол, мақомотҳои дахлдори кишвар дар бораи кам шудани воридоти гӯшт, аз ҷумла гӯшти мурғ иттилоъ медиҳанд.
Бино бар иттилои Агентии тоҷикстандарт, Тоҷикистон дар се соли гузашта воридоти гӯштро се маротиба каҳиш додааст.
Бино бар иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар соли гузашта ҳаҷми мумии гардиши мол 4,557 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи содирот 1,4 миллиард доллар ва воридот 3,1 миллиард доллар аст.