ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Шуъба ва бахшҳои Раёсати КҲФ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода, таъмини бехатарии аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок, чораҳои саривақтӣ меандешанд ва корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозиро вусъат додаанд.
Тибқи иттилои КҲФ, дар шаҳри Панҷакент бо ширкати сокинони ҷамоати Ёрӣ, деҳаи Мингдона бо иқдоми "Пешгирии ҳолатҳои фавқулодда беҳтар аст, аз бартарафсозии он!" ҳашари дастаҷамъона баргузор гардида, мавзеъҳои осебпазири сойи Мингдона тоза ва мустаҳкам карда шуданд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом ҳам барои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва ҳам тозаву озода нигоҳ доштани муҳити экологӣ роҳандозӣ гардида, аз ҷониби сокинони шаҳр низ хуш пазируфта шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, шаҳри Панҷакент дар миқёси кишвар аз ҷиҳати хавфи офатҳои табиӣ яке аз минтақаҳои осебпазир ба шумор меравад.
Ҳамасола бар асари бориши борону барф, омадани сел, лағзиши тарма, резиши регу санг, ярч ба қайд гирифта мешаванд.
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Панҷекат, дар ҷамоатҳои деҳоти Шинг, Косатарош, Фароб, Сӯҷина, Лоиқ Шералӣ, Саразм, Ёрӣ, Рӯдакӣ, Ворӯ, Пули Гирдоб бо ҷалби раисони ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳаллӣ ва фаъолон вохӯриҳо ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои андешидани чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар давраи баҳору тирамоҳи соли 2021 баррасӣ шуд.