ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Аз аввали ҳафтаи оянда дар Душанбе хатсайри нави автобус ба роҳ мебарояд, хабар медиҳад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Автобуси №55 мусофиронро аз маркази шаҳр бо кунҷи он, ҷое, ки бозори "Корвон" воқеъ шудааст, мебарад.
Хатсайри нави автобусҳо аз рӯзи 15 март ба роҳ мебароянд.
Мақомоти шаҳри Душанбе мегӯяд, автобусҳои нав Боғи "Роҳи оҳанчиён" - ро бо Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ-мепайвандад.
Ҳамин тавр, автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, А. Дониш, С. Айнӣ, С. Шерозӣ, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Н. Қарабоев, Ҷанубӣ ва шоҳроҳи Бохтар ҳаракат менамоянд.
Гуфта мешавад, ки тариқи хатсайри нав хизматрасонии автобусҳои муосири ватании тамғаи "АКИА ОРИЁ-LE 8" истифода мешаванд.
Манбаъ афзуда, ки пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.