ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Тақрибан 40% ҳаҷми воридоти Тоҷикистон ба хариди маҳсулоти хӯрокворӣ рост меояд. Тибқи омор, ҳаҷми умумии воридоти молҳо дар соли гузашта 3 миллиард долларро ташкил додааст, ки беш аз 1,2 миллиард аз ин маблағ ба воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ рост меояд.
"Далели воридоти хӯроквории ҷумҳурӣ муқаррарӣ аст. Ҳар кишваре, аз қабили Иёлоти Муттаҳида, Канада ё Аврупо, низ чизе ворид мекунад", - гуфт Холод дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Вақте ки нисфи воридот ба бахши аграрии озуқаворӣ рост меояд, ин аз сатҳи пасти даромади аҳолӣ шаҳодат медиҳад.
"Роҳи ҳал ин ҷо маълум аст - рушди истеҳсоли ватании гӯшти парранда ва чорво. Аз соли 2014 инҷониб, Тоҷикистон воридотро тақрибан 60 маротиба коҳиш додааст, се соли охир се маротиба камтар маҳсулоти гӯштӣ ворид кардааст ва ҳоло паррандапарварӣ ва чорводорӣ дар ҷумҳурӣ рушд карда истодааст ", - шарҳ дод ӯ.
Тоҷикистон метавонад ба ғайр аз тиҷорати наздимарзӣ, кишоварзии ватаниро рушд диҳад, ки ба ин кор машғул аст.
"Дар Тоҷикистон замини ҳосилхез кам аст ва он гарон аст, аз ин рӯ парвариши маҳсулоти гаронбаҳо дар он мувофиқи мақсад аст" - гуфт коршинос.
Масалан, дар мавриди лаблабуи шакар барои истеҳсоли шакар, дар Тоҷикистон он қадар замин кам аст ва парвариши он дар ин ҷо душвор хоҳад буд, бинобар ин танҳо бо хариди ашёи хом маҳдуд мешавад. Равғани растанӣ низ, илова намуд ӯ.
Дар маҷмӯъ, бо баланд шудани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, сохтори воридот тағйир меёбад - ҳиссаи хӯрокворӣ кам мешавад.
То кадом андоза одам сарватманд бошад, ҳамон андоза сарф дар хӯрокворӣ ҳиссаи камро ташкил медиҳад.
Инчунин вобастагии воридотиро тавассути тағир додани тавозуни гардиши савдо, яъне тавассути афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш додан мумкин аст, хулоса кард коршинос.