ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Рақобатҳои Лигаи олӣ дар Тоҷикистон аз 4 апрели соли ҷорӣ оғоз мешаванд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи гузашта дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон даа шаҳри Гулистон қуръакашии тақвими қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, чемпионати имсола дар се давр баргузор мешавад ва ҳар як даста бояд 27 бозӣ анҷом диҳад.
Бар асоси натиҷаи қуръакашӣ, дар даври якум дастаҳои "Кӯктош"- "Имтиқлол", "Истаравшан" - "Равшан", "Файзканд" - КМВА, "Эсхата" - "Хатлон" ва "Хуҷанд" - "Душанбе - 83" миёни ҳам бозӣ хоҳанд кард.
Тибқи низомнома, дастаҳои лигаи олӣ, ки имсол дар ҷадвали ҷойҳои нӯҳум ва даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2022 ба лигаи аввал хоҳанд рафт. Ғолиб ва барандаи медали нуқраи лигаи якум-2021 ҳуқуқи иштирок дар соли ояндаи Лигаи олиро пайдо мекунанд.