ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон парвоз кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Дар доираи сафари сатҳи олӣ, Ҷабборов бо кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот мекунад.
Интизор меравад, ки роҳбарони давлатҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ, инчунин дурнамои рушд ва эҷоди ҳамкориҳои муассирро баррасӣ мекунанд.
Инчунин баргузории мулоқотҳои дуҷониба бо раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Нарбаева, раиси палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Нурдинҷон Исмоилов ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дар назар аст.
Ғайр аз ин, дар доираи ин сафар, баргузории форуми соҳибкорони Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар нақша аст.
Ёдрас мешавем, ки президенти Қирғизистон ҳамакнун аз Русия ва Қазоқистон боздид карда буду нақша дорад ба Тоҷикистону Туркманистон низ сафар кунад.
Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.