ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти СММ, бо чунин изҳорот Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ба натиҷаҳои раъйпурсӣ дар Швейтсария вокуниш нишон дод: 51,2 фоизи аҳолии кишвар ҷонибдори манъи пӯшидани либосҳое шудаанд, ки рӯйро мепӯшад.
Ин қарор бояд дар тӯли ду сол эътибор пайдо кунад.
Манъи мазкур инчунин ба пӯшидани ниқобҳо ба лижаронҳову иштирокчиёни ҳамоишҳо низ дахл дорад.
Муҳофизони ҳуқуқи башари СММ ба Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ишора мекунанд, ки дар он гуфта мешавад "Озодии пайравӣ аз эътиқод ба дин ё эътиқод танҳо ба маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонун ва барои ҳифзи амнияти ҷамъият, тартибот, саломатӣ ва ахлоқ ва инчунин ҳуқуқу озодиҳои асосии дигарон зарур аст".
Ба гуфтаи коршиносон, "далелҳои норавшан" ба тарафдории он, ки пӯшидани либосе, ки рӯйро пинҳон мекунад, метавонад ба амният, саломатӣ ё ҳуқуқи дигарон таҳдид кунад, наметавонад сабаби қонунии маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ ҳисобида шавад.
"Баҳсҳо ба манфиати чунин мамнӯъиятҳо дар кишварҳои мухталифи Аврупо, аз ҷумла Швейтсария, аз як тараф, озодии интихоби заноне, ки рӯи худро мепӯшонанд, зери суол мебарад ва аз тарафи дигар, вақте ки онҳо воқеан чунин озодиро надоранд, онҳоро барои он чизе, ки дар ихтиёри онҳо нест, ҷазо медиҳанд”,- гуфт Равина Шамдасанӣ, сухангӯи ин департамент, дар як нишасти матбуотӣ дар Женева.
"Новобаста аз он, ки оё зан аз ҷониби шавҳар ва аъзои оила маҷбур шудааст, ки никоб бипӯшад ё худи ӯ мувофиқи эътиқоди динии худ онро пӯшад, манъи [пӯшидани он] боиси маҳдудии минбаъдаи зан ва дур шудани ӯ аз ҳаёти ҷамъиятӣ мегардад”,- илова намуд Шамдасонӣ.
Вай таъкид кард, ки занони мусалмон дар Аврупо аксар вақт ба сабаби либоси худ бо табъиз, душманӣ ва ҳатто қурбониёнии ҳамла рӯ ба рӯ мешаванд ва ҷорӣ кардани манъи расмии пӯшидани ниқоб ё бурқа вазъро танҳо бадтар мекунад.
Дафтар ба "тобишҳои бегонаситезии" маъракаи сиёсӣ ба манфиати манъкунӣ ишора кард ва изҳори таассуф кард, ки табъиз алайҳи занони мусалмон ҳоло "тибқи қонун иҷозат шудааст".