ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷҷабор Раҳмонзода кормандони ВАО-и кишварро бо Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мегардад, табрик намуд.
Ба гуфти Раҳмонзода, аҳли эҷод ва Иттифоқи рӯзноманигорон солҳои охир хело фаъол гардида, дар инъикоси рӯйдодҳои кишвар саҳми арзанда мегузоранд ва беҳтарин мақола, очерк, публисистика, мусоҳибаҳоро таълиф карда, дастоварду комёбиҳо ва камбудиву норасоиҳои ҳар як соҳа, мақомоти давлатӣ ва маҳаллиро бо далелҳо тасвир карда, аз мавқеи касбияти хеш дур намешаванд.
Раҳмонзода дар номаи табрикотиаш мегӯяд, "бо баракати соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зери сарпарастии Президент ба рушди воситаҳои ахбори омма диққати аввалиндараҷа дода мешавад". Маҳз бо пешниҳоди Сарвари давлат рӯзи 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик эълон шуда, дар саросари кишвар бо шукӯҳ доир мегардад ва беҳтарин рӯзноманигорон аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ӯ ёдоварӣ карда, ки баробари ин бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон мукофоти ба ному устод Лоҳутӣ таъсис ёфта, рӯзноманигорони касбие, ки дар давоми сол мақолаҳои ҷолиб ва воқеъбинона таълиф менамоянд, ба ин мукофоти соҳавӣ қадр мешаванд.