Коршинос гуфт чаро роҳбари Оҷонсии дорувории Аврупо ваксина "Спутник V"-ро “сиёҳ” кард

Таҳиякунандагони ваксина “Спутник V” аз Оҷонсии дорувории Аврупо талаб карданд ки барои муқоисаи ба зуди тасдиқ кардани ваксина бо бозии “Рулеткаи русӣ” аз онҳо узр пурсанд. Коршиноси сиёсӣ, Антон Бредихин, ба радиои Sputnik назари худро дар ин бора баён кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Таҳиякунандагони ваксина “Спутник V”  аз раиси Оҷонсии дорувории Аврупо (ОДА) Криста Виртумер-Хохе бораи гуфтаҳояш дар бораи ваксинаи русӣ ва кишварҳое, ки ба он таваҷҷӯҳ доранд, узрхоҳӣ талаб карданд.
Олими номии амрикоӣ "Спутник V" -ро тавсиф кард
Чанде пеш Виртумер-Хохе, ки инчунин намояндаи Агентӣ оид ба масъалаҳои тандурустии Австрияро мебошад, дар барномаи телевизионии шабакаи ORF имкони тасдиқи фаврии ваксинаи Спутник V дар Австрияро бо бозии “рулеткаи русӣ” муқоиса кард ва илова кард, ки дар бораи ин ваксина маълумоти кофӣ надорад.
"Мо аз Криста Виртумер-Хохе аз ОДА барои таҳқираш нисбати баъзе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки  мустақиман ваксинаи Спутник V -ро тасдиқ карданд, узрхоҳии оммавӣ талаб мекунем. Шарҳи ӯ суолҳои зиёдеро дар бораи эҳтимоли дахолати сиёсӣ ба раванди баррасии имрӯзаи ваксина аз ҷониби ОДА ба миён меорад", - гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар саҳифаи расмии ваксинаи русӣ дар Twitter нашр ёфтааст.
Муаллифони изҳорот таъкид кардаанд, ки танзимгари аврупоӣ қаблан ҷуъат намекард, ки назарашро дар бораи дигар ваксинаҳо баён кунад. Тавре ки таҳиягарони ваксинаи русӣ қайд карданд, чунин эродҳо қобили қабул нестанд, зеро онҳо эътимоднокии агентиҳои дигар кишварҳоро, ки ваксинаи  Спутник V-ро аллакай тасдиқ карданд, коҳиш медиҳад.
Санаи 4 март, ОДА дар бораи оғози ташхиси ваксинаи Спутник V хабар дод. Танзимгари аврупоӣ самаранокӣ ва бехатариро месанҷад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Маҳдудиятҳои нав дар Бразилия ва афзоиши таваҷҷуҳ ба ваксинаи "Спутник V"
Ваксинаи Русия дар алакай дар 46 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Спутник V айни замон миёни ваксинаҳои ҷаҳонӣ аз рӯи шумори тасдиқҳои танзимгарони миллӣ дар ҷои дуюм қарор гирифтааст. Самаранокии ваксинаи русӣ 91,6 дарсадро ташкил медиҳад, ки он аз сӯи  маҷаллаи бонуфузи тиббии Lancet тасдиқ ёфтааст.
Дар барномаи радиои Sputnik коршиноси сиёсӣ, номзади илмҳои таърих, сармуҳаррири маҷаллаи "Архонт" Антон Бредихин таъкид дошт, ки паси изҳороти Виртумер-Хохе сиёсат ва рақобати носолим меистад.
"Дар бораи ваксинаи мо аллакай он қадар маълумот мавҷуд аст, ки ҳатто шахсоне, ки комилан аз тиб ва биология огоҳ нест, мутахассис мешавад. Ба хусус, бо мақоме ки ӯ дорад Виртумер-Хохе). Илова бар ин, имрӯз сиёсатмадорони миллӣ мегӯянд, ки онҳо "бо ишора" аз сиёсатмадорони ҷаҳонӣ, ки воқеан ин равандро назорат мекунанд супориш мегиранд. Ман фикр мекунам, ки онҳо узрхоҳӣ нахоҳанд кард. Ҳатто вақте ки худи аврупоиҳо ваксинаи Русияро дархост кунанд, онҳо узрхоҳӣ нахоҳанд кард ", - мегӯяд Антон Бредихин.