ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон аз 9 то 20 марти имсол нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил кард.
Аз ҷониби ин ниҳод дар ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Шаҳристон, Дӯстӣ, Хуросон, Муъминобод, Темурмалик ва Роштқалъа нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон (марҳалаи асосӣ) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олӣ таъсис дода шудаанд.
Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ, хоҳишмандон метавонанд дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои сайёри бақайдгирии ноҳияҳои интихобгардида, ки барояшон наздик ё мувофиқ аст, худро барои иштирок дар ИМД-2021 сабти ном кунанд. Мувофиқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии шахсони довталаб сурат мегирад.
Инчунин рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон дар соли 2021 нуқтаи бақайдгирӣ, аз ҷумла нуқтаҳои сайёр ташкил карда шуда, муҳлати фаъолияташон дар сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Бояд гуфт, ки нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ доимӣ набуда, ба хотири дурдаст будани ноҳияҳои номбурда аз тарафи нуқтаҳои доимоамалкунанда таъсис дода шудаанд.