Шарҳи ВКД дар бораи қатли писараки 7-сола дар Душанбе

Бо гузашти 4 рӯз аз куштори писараки 7-сола дар Душанбе ҷустуҷӯи гумонбар дар қатли кӯдак, як зани 53-сола, идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ҷустуҷӯи гумонбар дар куштори писараки 7-сола дар Душанбе, хонандаи синфи 1-и мактаби рақами 50 Аҳмадҷон Абдураҳмонов бо гузашти чор рӯз аз рӯзи ҳодиса идома дорад.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Сухангӯи ниҳод Нусратулло Маҳмадзода таъйид кард, ки вазорат ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад ва феълан корҳои оперативӣ идома дорад.
"Ҳодисаи куштори писараки 7-сола дар кучаи Олег Кошевойи Душанбе аз ҷониби мақомот тафтиш мешавад ва барои пайдо ва дастгир кардани гумонбаршаванда, хешованди писарак, зани 53-сола корҳои оперативӣ тафтишотӣ идома дорад", - гуфт вай дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки гумонбар дар куштори Аҳмадҷони 7-сола, ҳамсари амаки падараш Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола мебошад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешуд, ки зан бемории рӯҳӣ дошт. Аммо ҷониби ҷабрдида, хонаводаи писараки кушташуда бар онанд, ки зан аз ҷиҳати равонӣ сиҳат буд.
Дар болояш "палто" пӯшиду рафт: тафсилоти куштори кӯдак аз ҷониби зани бемор дар Душанбе
Ба гуфтаи шоҳиди қазия, ҳодиса рӯзи 5 март вақте рух дод, ки писарак аз мактаб бармегашт. Гумонбаршаванда бо роҳи фиреб Аҳмадҷонро ба манзилаш, ки дар ҳамсоягии хонаи хонаводаи марҳум қарор дорад, даъват кард ва бино бар наворҳои камераҳои мушоҳидавӣ баъди 10 дақиқа аз манзил берун ва нопадид шуд.
Баъди чанд соат ҷисми беҷони кӯдакро аз манзили зан пайдо карданд.