"Маскав зиндагӣ мекунад": Путин дар бораи таассуроти меҳмон аз Аврупо - видео

Шиносҳои роҳбари Русия гуфтаанд, ки дар шаҳрҳои бузурги Аврупо ҳама ҷо пӯшида аст, дар кӯчаҳо қариб, ки касе нест
Sputnik
Президенти Русия Владимир Путин нақл кард, ки ҳамкасбаш аз Аврупо аз Маскав чӣ таассурот бардошт. 
Роҳбари давлат изҳор дошт, ки шиноси вай аз "зиндагӣ"-и Маскав дар тааҷҷуб буд.
Башор Асад бо ҳамсараш гирифтори коронавирус шуданд
"Дар мо мегӯяд, ки дар шаҳрҳои бузург дар кӯча мошинҳо кам ва мардум қариб ки нестанд, ҳама ҷо маҳкам аст", - гуфтааст Путин.
Президент таъкид кард, ки ҷониби Русия бар он аст, ки пирӯзии комилро танҳо бо роҳи муттаҳид кардани қувва, аз ҷумла дар саҳнаи байналмилалӣ ба даст овард.
Бино бар иттилои СУТ, дар ҷаҳон 115,2 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 2,5 миллион кас вафот карданд. 
Кай ҳамагирии коронавирус анҷом меёбад: пешгӯии навбатии СҶБ
Аз ин нишондод 4,3 меллион бемор ва 88,7 ҳазор қурбонӣ ба Русия рост меояд.