Дар Истамбул хабарнигори шабакаи телевизионии Туркия Halk TV, рӯзноманигори курд Левент Гюлтекин аз сӯи шахсони номаълум лату куб шуд. Дар ин бора тибқи иттилои Ermenihaber, худи Гюлтекин дар саҳифаи Твиттериаш хабар додааст.
"Гурӯҳи 25 нафарӣ дар назди бинои телевизион ба ман ҳамла карданд. Ҳоло ман худро хуб ҳис мекунам. Баъд аз чанд лаҳза ман дар ин бора дар барномаи телевизионӣ гузориш хоҳам дод", - гуфт рӯзноманигор.
Баъдтар, Гюлтекин навори дурбинҳои назоратиро нашр кард. Дар наворҳо дида мешавад, ки як гурӯҳи шахсони номаълум ба рӯзноманигор ҳамла мекунанд. Ҷинояткорон Гюлтекинро лату куб мекунанд ва ӯ ба зимин меуфтад, аммо онҳо ба ин ором намешаванд ва латукуби ӯро идома медиҳанд.
Сипас ҳамлагарон аз ҷои ҳодиса фирор карданд. Рӯзноманигор аллакай бо пулис тамос гирифтааст.
Гуфта шудааст, сабаби ҳамла ба рӯзноманигор ин танқиди роҳбарони сиёсии Туркия ки ахиран дар маросими солгарди марги сарвазири собиқ, асосгузори "исломи сиёсӣ" Неджметтин Эрбакан ширкат варзиданд, будааст.
Гузоришҳои танқидӣ боиси миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия манфӣ пазируфта шуд.