ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Эҳтимол меравад, ки гази моеъ низ дар Тоҷокистон гарон шавад, гузориш медиҳад "Парс тудей" дар истинод ба расонаҳо.
Гуфта мешавад, бозсозии таҷҳизотӣ ва таваққуфи муваққати фаъолияти яке аз бузургтарин полоишгоҳҳои гази Қазоқистон нигарониҳоро аз афзоиши қимати гази моеъ дар Тоҷикистон афзоиш додааст.
"Ин полоишгоҳ дар шаҳри Атирауии Қазоқистон аз бузургтарин полоишгоҳҳои гази ин кишвар ба шумор меравад, ки фаъолияти он ба далели бозсозии таҷҳизотӣ ба таври муваққат қатъ шудааст", - менависад манбаъ.
Тоҷикистон 90 дарсад аз гази моеъи мавриди ниёзи худро аз тариқи хутути рейлӣ аз Қазоқистон ворид мекунад.
Тоҷикистон дар соли 2020 аз хориҷ 420 ҳазор тон гази моеъ ворид кард, ки 90 дарсади он аз Қазоқистон таъмин шуд.
Наздик ба 65 дарсади васоили нақлияи Тоҷикистон бо гази моеъ фаъолият мекунанд ва хонаводаҳо низ барои пухти ғизо аз ин навъи сӯхт истифода мекунанд.
Феълан арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон 4,4 сомонӣ барои як литр аст.
Дар ҳамин ҳол, ду ҳафтаи ахир дигар маводи сӯхт, аз ҷумла бензину солярка боло меравад. Ба гуфтаи сокинон, нархи ин моводи сӯхт ҳамарӯза дар кишвар 10-20-дирамӣ гаронтар мешавад.