Фейсбук сафҳаҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бо мудиронашон бастааст

Дасти кам даҳ ширкати тоҷикӣ баста шудани сафҳаҳои худ дар Фейсбукро таъйид карданд. Сабаби ин иқдомро Фейсбук шарҳ надодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 09 мар — Sputnik. Шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаҳои даҳ ширкати тоҷикиро бастааст.
Яке аз масъулони ин ширкатҳо, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тариқи почтаи электронӣ як мактуберо дарёфт кардаанд, ки дар он гуфта шудааст, шумо аз "мудирияти тиҷорӣ" – и Фейсбук ҳазф карда шудаед.
Кумитаи андози Тоҷикистон Facebook-ро ҳамчун андозсупоранда сабти ном кард
"Дар идома омадааст: "Ин бад-он маънӣ аст, ки шумо дигар ба ҳисобҳои рекламавӣ ё сафаҳоте, ки ба унвони корманди ширкат бо онҳо кор кардаед, дастрасӣ надоред. Агар фикр мекунед набояд ҳазф мешудед, бо мудири Мудирияти тиҷорӣ тамос гиред".
Ин паём ирсол шудааст: "Facebook, inc., Таваҷҷуҳ: Пуштибонии ҷомеа, 1 Facebook way, Menlo Рark, CA 94025", - гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба ҳамин минвол, тоҷирон ва афроди масъули ширкатҳо, ки аз Фейсбук ҳазф шудаанд, ҳам ба сафҳаи ширкат ва ҳам ҳисобҳои худ дар ин шабака дастрасӣ надоранд.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ӯ метавонад муҳтавои қаблан гузошташуда аз сӯи ширкат ё худро бубинад, аммо амалан коре дар онҳо карда наметавонад, ҳатто наметавонад "лайк" гузорад.
"Аз рӯи таҳлилҳои мо, ҳамон сафҳаҳое ҳазф шудаанд, ки тариқи имейли худ ё ширкат дар Фейсбук сабти ном шудаанд. Асосан админ ё мудирони сафҳаҳоро ҳазф кардаанд. Онҳое, ки сафҳаҳояшонро тариқи рақамҳои телефонҳои худ сабти ном кардаанд, алъон аз дасти бераҳми Фейсбук дар амонанд. Мо ду рӯз пеш ба "мудирияти тиҷорӣ" – и Фейсбук навиштем, ки сабабҳои ҳазф карданро шарҳ диҳад. То ба ҳол посухе нест", - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Фейсбук гуруҳи маъруфи тоҷикӣ бо 70 ҳазор аъзоро баст: чӣ писанд наомад?
Моҳи ноябри соли равон Фейсбук як сафҳаи маъруф дар Тоҷикистон – "Ман Хуҷандро дӯст медорам" – ро ба хотири ҷой додани рекламаи маводи тиббӣ дар замони пандемияи "вируси корона" баста буд.
Фейсбук ба мудирони ин гуруҳ ваъда супурда буд, ки як моҳ пас посухи боз кардан ё дигар боз накардани сафҳаашонро хоҳад дод.
Аммо 6 моҳ мегузараду аз санг садо ҳаст, аз Фейсбук на. 3 марти соли равон Кумитаи андози Тоҷикистон хабар дода буд, ки сомонаи иҷтимоии Facebookро ҳамчун андозсупоранда сабти ном кардааст.
Аз канали Зеваров то "Дугонаҳо"-ву "ORZU": Кумитаи андоз 10-гонаи блогерҳоро ҳисоб кард
Аммо дар навбати худ Фейсбук низ саҳафоти ширкатҳои тиҷории Тоҷикистонро андоз мебандад ё хайр, ё онҳоро ҳам мисли сафҳаи "Ман Хуҷандро дӯст медорам" моли таърих хоҳад кард, як суоли боз аст.