Дар шаҳри Душанбе нархи партовбарорӣ 20 дарсад боло рафт

Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон эълон доштааст, ки дар пойтахти кишвар арзиши партовбарорӣ боло рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Аз рӯзи 1–уми марти соли равон сокинони пойтахт барои ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ бештар маблағ пардохт хоҳанд кард, иттилоъ додааст сомонаи Pressa.tj.
Хоруғ тоза мешавад: БАТР барои рушди Хоруғ 8 миллион доллар ҷудо кард
Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон хабар додааст, ки ин тасмим бо дархости раисони ноҳияҳои Душанбе сурат гирифтааст.  
Гуфта шудааст, ки бо дархости раисони ноҳияҳои пойтахт тарифҳои ҷамъоварии партовҳо бознигарӣ шуд.
Таъкид шудааст, ки нархномаи навро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард.
Дар ҳамин ҳол дар сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе ҳанӯз тарофаҳо пешина ҷойгир карда шудаанд.

Тариф барои 1 (як) истиқоматкунанда дар як моҳ;

Барои сокинони ноҳияи Фирдавсӣ:
Барои сокинони ноҳияи Сино:
Барои сокинони ноҳияҳои Шоҳмансур ва И.Сомонӣ: