Ғолибони озмуни "Мошини сол" ҳар сол дар намоишгоҳи худравҳои Женева эълон карда мешаванд. Аммо, имсол ин озмун бинобар пандемия лағв шуд ва овоздиҳӣ ба таври маҷҷози сурат гирифт. Ҳайати доваронро 59 рӯзноманигор, ки 22 кишвари Аврупоро намояндагӣ мекунанд,ташкил медод. Маҳз ҳамин доварон ғолибонро эълон карданд.
Тамоюли мошинҳои хурд тағйир наёфтааст - ва имсол мошинҳо шакли хетчбеки шаҳрӣ аз Toyota беҳтарин мошин барои Аврупо дониста шуд.
Toyota Yaris-и нав дар охири соли 2019 муаррифӣ шуд ва фурӯши аврупоии он аз соли 2020 оғоз ёфт. Фурӯши мошинҳои ҷопонӣ аз Peugeot 208 ва Dacia Sandero зиёд будааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Peugeot 208 беҳтарин мошин дар Аврупо шинохта шуда буд.