ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар паёми раисҷумҳур, ки котиботаш нашр кардааст, зикр мегардад, ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.
Раисиҷумҳури кишвар аз бузургиву ҷойгоҳи модар муфасал зикр карда, ҳамзамон гуфтааст, ки модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.
Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем, таъкид мекунад раисиҷумҳур.
Президент гуфтааст, имрӯз мо бо қаноатмандӣ метавонем гӯем, ки тайи сӣ соли истиқлоли давлатӣ занону бонувони мо дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон хизмат карда истодаанд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки саҳми бонувону занон дар тарбияи насли солим, танзими расму ойинҳо ва муқовимат ба ифротгароиву хурофотпарастӣ басо арзишманд мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷавондухтарони мо имрӯз дар баробари соҳиби касбу ҳунар намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона омода кардан, омӯзонидани ахлоқи ҳамида, маърифати оиладорӣ ва ҳунари кадбонугӣ масъалаҳои муҳимтарин ба шумор мераванд.
"Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки модарону бонувони азизи мо рисолати худро дар ин самт низ бо камоли масъулият иҷро мекунанд",- таъкид кардааст раисиҷумҳур.
Президент ба ҳар фарди бонангу номус, махсусан, ба наврасону ҷавонон хитоб кардааст, ки падару модарон ва бонувону хоҳаронро дар ҳама ҳолат эҳтиром намоянд, нисбат ба онҳо ҳамеша меҳрубону дилсӯз бошанд, иззату ҳурмати калонсолонро ба ҷой оваранд ва дуои неки онҳоро гиранд.
Хотирнишон месозам, ки ин меъёр, яъне масъулияти фарзандон барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар дар Конститутсияи мамлакат дарҷ гардидааст.
Мо бояд аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҳамеша ба роҳи рост ва барои ҳифзи истиқлолу озодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ҳидоят намоем, тахкид кардааст, раисиҷумҳур.
Кишвардори Тоҷикистон гуфтааст, бовар дорад, ки модарону занони муҳтарам ва бонувону хоҳарони азизи мо минбаъд низ барои тарбияи наслҳои ояндасозу ободгари халқамон, таҳкими оила, ба хотири рушди давлат ва ободии Ватан заҳмат мекашанд.