ДУШАНБЕ, 7 мар - Sputnik. Як шаҳри дигари Русия парвозҳоро ба Тоҷикистон боз мекунад.
Дар ин бора расонаҳои минтақавӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии фурудгоҳи Ростов Платов хабар медиҳанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа анҷом дода мешаванд.
Санаи пешакии барқарор кардани парвозҳо 29 март гуфат мешавад.
Шояд аввалин парвозҳо дертар анҷом дода шаванд, агар дар асоси вазъияти эпидемиологӣ аз ҷониби Ситоди Амалиёти Русия оид ба мубориза бо коронавирус чунин қарор қабул карда шавад.

Интизор меравад, ки парвозҳо ба Қӯрғонтеппа (Бохтар) рӯзи душанбе соати 3:00 (ба вақти Маскав), соати 19:45 (ба вақти Маскав) - ба Душанбе анҷом дода шаванд.
Парвоз дар масири Ростови лаби Дон - Хуҷанд, тибқи маълумоти пешакӣ, рӯзи сешанбе соати 18:30 (ба вақти Маскав) иҷро карда мешавад.
Парвоз дар масири Ростови лаби Дон - Хуҷанд, тибқи маълумоти пешакӣ, рӯзи сешанбе соати 18:30 (ба вақти Маскав) иҷро карда мешавад.
Интизор меравад, ки парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон тавассути ширкати "Уралские авиалинии" анҷом дода шаванд.
Ғайр аз он, қарор аст, ҳафтае чоршанбе парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳри Гюмри Арманистон сурат гирад.