Ҳукми марде, ки ноболиғро наздикии истгоҳи Душанбе - Ваҳдат таҷовуз карду кушт, эълон шуд

Барои ин амали даҳшатбор, сокини 37 - солаи шаҳри Ваҳдат ба ҷазои як умр маҳрум шудан аз озодӣ маҳкум шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Додгоҳи олӣ ҳукми сокини 37 - солаи шаҳри Ваҳдатро эълон кард, ки дар куштор ва таҷовуз ба номуси ноболиғ айбдор дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи Прокуратураи Тоҷикистон, Раҷабов Зафар Сафархоҷаевич акнун як умр аз озодӣ маҳрум шуд ва дар колонияи ислоҳии низомаш махсус нигаҳдорӣ мешавад.
Дар Тоҷикистон давоми як сол 9 кӯдак таҷовуз шуд
Номбурда моҳи августи соли гузашта аз назди бозорчаи 9 - уми шаҳри Душанбе, ноболиғ Сафарова Зулоларо бо мақсади қонеъ намудани талаботи шаҳвонии худ ба истгоҳи шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат ба ҷойи хилваттар бурда, хост ба номуси ӯ дастдарозӣ кунад.
Манбаъ меафзояд, чун ноболиғи 10 - сола муқобилият нишон дод, маҳкумшуда ба рӯи ӯ як зарбаи сахт зад, ки дар натиҷа хурдсол ба замин афтода, сараш ба санг сахт бархӯрд.
Гуфта мешавад, аз ҷароҳати вазнини бардошта, Зулолаи 10 - сола дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.
Аз вазъи оҷизонаи духтар истифода намуда, Раҷабов ба номуси ӯ таҷовуз кард ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Тафсилоти куштори як зан дар Ҳисор: аввал ӯро маст ва сипас таҷовуз карда, кушт - навор
Ба ҳамин минвол, бо ҳукми Додгоҳи Олӣ,  Раҷабов  дар асоси моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои "в, л" ва 138 қисми 3 банди "а"- и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисми 4 Кодекси ҷиноӣ ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш махсус, таъйин карда шуд.
Дар робита ба таҷовузи ноболиғон дар Тоҷикистон,  Раиси Кумитаи занон Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотии ахир гуфта буд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ давоми як соли гузашта ба номуси 9 ноболиғ дастдарозӣ шудааст.