Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

COVAX даҳҳо кишварро бо ваксин таъмин кард: Тоҷикистон дар навбат аст

Интизор меравад, ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар дар доираи механизми COVAX бо ваксин алайҳи коронавирус таъмин шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, даҳҳо кишвари олам тибқи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби ваксин алайҳи маризии коронавирус шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин барнома аз ҷумла кишварҳои африқоӣ ба мисли Нигария, Судон, Гана, Руандо,Лесота ваксинро дастрас карданд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Спутник V" дуввумин ваксинаи маъмултарини ҷаҳон шуд
Илова бар ин, COVAX, Ҳиндустону Комбоҷа, Молдова ва Колумбияро низ бо ваксин таъмин кардааст.
Дар ҳамин ҳол, СҶБ мегӯяд, ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар соҳиби ваксин алайҳи вируси COVID - 19 мегарданд. Ҷамъан 14,4 миллион воя ваксин миёни 31 давлат таҳсимбандӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон расман ваксини AstraZeneca-ро тасдиқ кард. Чанде пеш, Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки моҳи март 732 ҳазор вояи он ба Тоҷикистон ворид мешавад.
Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон барои қаблуи ваксини мазкур тамоми шароит дорад ва ҳоло воситаҳои нақлиёт барои интиқол ва ҳамчунин макони нигаҳдории он омода шудааст.
Таъкид мегардад, ки дар доираи механизми COVAX, эмкунии 20% аҳолии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.