ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Бо қарори Ҳукумати тоҷикистон Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин аз вазифаи ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит озод гардид.
Сабаби барканории ректори донишкада гуфта нашудааст.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, бо қарори дигари Ҳукумат, Зокирзода Нусратулло Мелик ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит таъин карда шудааст.
Зимнан имрӯз бо имзои як амр президент Комилиён Файзалӣ Саъдуллоро бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини раиси муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" озод кард.
Ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо тағйироти кадрӣ амалӣ кард.
Ҳамин тавр, Пирназарзода Диловар Маҳмадназар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида ба ҷои ӯ Давлатзода Раҳмоншо таъин шуд.