Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Мурашко гуфт, озмоиши даври дуюми "Спутник Лайт" анҷом ёфт

Вазорати тандурустии Русия аз анҷоми озмоиши даври дуюми ваксини "Спутник Лайт" хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Вазири беҳдошти Русия Михаил Мурашко аз анҷоми даври дуюми озмоиши клиникии ваксини "Спутник Лайт" хабар медиҳад, менависад РИА Новости.
Мурашко дар суҳбат бо хабарнигор изҳор дошт, ки феълан ваксини "Спутник Лайт" дар марҳилаи баҳодҳии мутахассисон қарор дорад.
Дар Маскав озмоиши ваксинаи "Спутник Лайт" оғоз шуд
Гуфта мешавад, иҷозат барои доир кардани озмоиши саввуми ин ваксин ҳам моҳи феврал дода шуд. Зикр мегардад, ки озмоиши навбатӣ дар ду гурӯҳ гузаронида мешавад ва бояд то соли 2022 ба итмом расад.
"Спутник Лайт" қисми таркиби маҳсулоти Спутник мебошад, ки онро Маркази Гамалеи дар якҷоягӣ бо Фонди сармоягузории мустақими Русия дар платформаи хуб омӯхташудаи векторҳои аденовируси инсон таҳия кардааст.
Қаблан Кирилл Дмитриев роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия таъкид намуд, ки ваксини мазкур асосан барои бозори хориҷа таҳия шудааст ва дар дохили кишвар бошад асосан аз "Спутник V" истифодабарӣ мешавад.
Таҳиягарони нахустин ваксина гуфтанд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд
Директори Маркази Гамалея Александр Гунзбург гуфт, ки истифодаи "Спутник Лайт" дар кишварҳои хориҷ имкон медиҳад, ки авҷи бемориҳо коҳиш дода шуда, сарборӣ дар соҳаи тандурустии маҳаллӣ камтар карда шавад.
Ӯ мегӯяд, масуният пас аз ваксина эҳтимолан се-чор моҳ боқӣ хоҳад монд ва самаранокии ваксина тақрибан 85% хоҳад буд.