ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Қазоқистон санаи азсаргирии парвозҳои мунтазам аз Алмаато ба Душанберо эълон кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори ҷумҳурӣ, аз 14 марти соли 2021 ширкати "Эйр Астана" ба нақша гирифтааст, ки парвозҳои мунтазамро байни пойтахтҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон оғоз кунад.
Ин тасмим бар асоси вазъи эпидемиологии коронавирус дар Тоҷикистон ва Қазоқистон гирифта шудааст. Парвозҳо дар масири Алмаато - Душанбе - Алмаато ҳафтае як маротиба анҷом меёбанд. Тибқи ҷадвал, парвоз рӯзҳои якшанбе сурат мегирад", - омадааст дар хабари вазорати Қазоқистон.
Қарор аст, аз ҷониби Тоҷикистон парвози аввал рӯзи 18 март сурат гирад. Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Ин масирро ширкати миллии "Сомон Эйр" иҷро мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз 20 марти соли гузашта бинобар пандемияи коронавирус парвози мунтазамро бо тамоми кишварҳо қатъ карда буд.
Истисноҳо парвозҳои махсус барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ буданд.