ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Саммити ЭКО имрӯз 4 март дар шакли онлайнӣ баргузор гардид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ аз аҳамияти “CASA-1000” ёдрас шуд.
Ӯ аз таъсиси Маркази энергияи тозаи ЭКО ҷонибдорӣ карда, татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи “CASA-1000”, ки нахустин пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хоҳад буд, иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба бӯҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии дар натиҷаи бемории нави сироятии КОВИД-19 ба амаломада, андешаронӣ кард.
Президент изҳори умед намуд, ки натиҷаҳои Саммит ба истифодаи беш аз пеши нерӯи Созмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақаи он мусоидат хоҳанд кард.
Президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки тиҷорат дар миёни кишварҳои аъзои ЭКО ҳамагӣ ҳашт фоизи ҳаҷми умумии савдои онҳоро ташкил медиҳад ва ин рақам баёнгари истифодаи нокифояи имкониятҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо мебошад.
Зимни суханронии президенти Тоҷикистон ҳамчунин сатҳи ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия, энергетика, саноат, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, ҳифзи муҳити зист ва дар бахши аграрӣ таҳлил намуд.
Ӯ густариши робитаҳо ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои муҳимро барои таъмини рушди устувор дар минтақа зарур шуморид.