Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷудошавии оилаҳо кам шуд

Мақомоти ноҳияи Ҷайҳун ахиран эълон доштанд, ки дар ноҳия тайи ду моҳи ахир нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҷудашавии оилаҳо коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷайҳун давоми ду моҳи соли 2021-ум 28 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ду моҳи соли 2020-ум шаш ҳолат кам аст.
Дар вилояти Хатлон наздик ба 2 ҳазор кӯдак аз тарбияи яке аз волидон маҳрум шуданд
Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи мазкур Ализода Мойнисо ба рӯзномаи “Фараж” гуфтааст, ки баъди ҷудо шудани ин оилаҳо 11 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштаанд.
Афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун
Сабабҳои ҷудошавии оилаҳоро ин шахси масъул бефарзандӣ, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ, дахолати шахсони сеюм ба зиндагии навхонадорон ва ғайра арзёбӣ кард.
“Омили кам шудани ҷудошавии оилаҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, мебошад”, — илова кард ӯ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2020-ум дар ноҳияи Ҷайҳун  103 оила ақди никоҳи худро бекор карда буданд, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2019-ум шаш ҳолат зиёд аст.