Таҳдиди ҳамла ба Капитолий: Амрико ҷаласаи конгрессро фавран лағв кард

Вакилони амрикоӣ бо далели таҳдиди ҳамлаи дубора ба Капитолий аз ҷониби шаҳрвандони тундгарои кишвар ҷаласаро лағв карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Палатаи намояндагони Конгресси Амрико бо далели ҳушдори амниятиҳои кишвар аз маслиҳати ҳамла ба Капитолий аз ҷониби як қатор шаҳрвандон ҷаласаро лағв карданд, хабар медиҳад Washington Post.
Вакилон пас аз он ҷаласаро лағв карданд, ки маълумот дар бораи эҳтимоли ҳамла ба парлумонро аз ҷониби як қатор шаҳрвандони тундгаро ба даст оварданд.
Амрико дар арафаи инқилоб: тарафдорони Трамп Капитолияро муҳосира карданд
Маълум гардидааст, ки радикалҳо маълумотеро паҳн мекунанд, ки 4 март "рӯзи ҳақиқии савгандхӯрӣ"-ст. Дар ин рӯз бояд собиқ раисҷумҳур Доналд Трамп савганд ёд карда, ба марҳилаи дувуми президентӣ оғоз кунад.
Полиси Капитолий изҳор доштааст, ки аз нақшаи ин гурӯҳ, ки мехоҳанд дар ин рӯз ба парлумон зада дароянд, бохабар аст.
Хадамоти амниятӣ бо боварӣ изҳор доштааст, ки ба ҳама гуна таҳдид омода аст. Аммо маълумоти бештарро зери чатри "махфӣ" бурдаанд.
Ёдрас мешавем, 6 январ эътирозгарон, ҷонибдорони Трамп нахуст ба бинои Капитолий ворид шуда, толори сенатро, ки дар нақша буд, натиҷаҳои интихоботро дар он баррасӣ кунанд, иҳота намуданд.
Эътирозгарон то замоне ки полис онҳоро пеш кунад, чанд соат дар бино монаданд.
Дар рафти бесарусомониҳо полис 70 нафарро дастгир кард, 5 тан, аз ҷумла як корманди амнияти Капитолий кушта шуданд.
Маросими савгандёдкунии раисҷумҳурони ИМА: аз Рейган то Трамп
Он замон собиқ раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ҳидисаро маҳкум кард ва ваъда дод, ки гунаҳконрон мутобиқи қонун ҷазо мегиранд. Ҷо Байден, президентӣ феълӣ бошад изҳор дошт,  бесарусомониҳо аз ҷониби экстримистҳои сиёсӣ, ки онҳоро Трамп ба шӯр андохтааст, ба роҳ андохта шуд.