ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ахиран вазорати тандурустии кишвар эълон кард, новобаста аз он, ки аз 10 январи соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, ҷаласаи Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон доир ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 ҳамарӯза дар ду марҳила, субҳ ва шом барои таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии кишвар ва баррасии дигар масъалаҳои соҳа ба тариқи онлайн доир мегардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ, дар ин ҷаласа вазир, муовинони вазир, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок менамоянд.
Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаҳои ситоди вазорат пеш аз ҳама масъалаҳои гардоишҳои хонагӣ, назорати шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, вазъи нигоҳубини занони ҳомила, иммунизатсиякунонӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.
Махсусан, зимни ҷаласаҳои ситоди вазорат роҳбарони КАТС-и шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир ба натиҷаи гаштҳои хонагӣ, вазъи саломатии шаҳрвандони аз хориҷи кишвар воридшуда ба роҳбарияти вазорат ҳисобот пешниҳод менамоянд.
Тавре аз таҳлилҳои ҷаласаҳои ситоди вазорат бармеояд, хушбахтона, айни замон вазъи санитарию эпидемиологӣ дар кишвар муътадил мебошад.