ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Бобурмирзо Облоқулов, шаҳрдори Самарқанд ва Алексей Никитин, муовини иқтисодии шаҳрдори Саратови Русия дар мавриди барқарории равобити бародархондагӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.
Гуфта шудааст, ки дар қарордоди мазкур ҷалби сармоягузор, иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ, ҳимоят аз ҳамкориҳои мутақобили байни созмонҳои омӯзишии шаҳрҳо ва ҳамчунин заминаҳои фарҳангиву гардишгарӣ мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст.
Дар ин қарордод ду тараф ҳамчунин барои рафъи муштараки паёмадҳои ҳамагирии корона низ ба тавофуқ расиданд.
Қайд карда шудааст, ки дар вилояти Саратови Русия беш аз 3 ҳазор нафар ва дар шаҳри Саратов беш аз 1100 шаҳрванди Ӯзбакистон иқомат мекунад.