ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард сокини ноҳияи Рудакиро фиреб дода 66 ҳазор сомониашро аз худ кардааст.
Бино ба гузориши манбаъ, дар ин бора ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроиҷат кардааст.
Ба гуфти ӯ, ҳодиса моҳи августи соли 2020, дар ноҳияи И.Сомонӣ рух додааст.
Ӯ гуфтааст, ки ҳангоми дар назди маркази савдои "Рӯдакӣ Плаза" қарор доштанаш марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 66 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Мард ваъда додааст, ки бар ивази пулаш ба ӯ як худрави тамғаи "Киа" оварда медиҳад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Манбаъ афзудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.