ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Бо шунидани ташрифи корфармоёни Русия, ба Тоҷикистон даҳҳо нафар сокинон аз шаҳру навоҳии Суғд рӯзҳои 2 ва 3 март ба Хуҷанд омаданд.
Азизмат, сокинони ноҳияи Ашт буда, ҳамроҳ бо ду ҳамсолаш барои дарёфти кори хуб дар Русия ба Хуҷанд омад. Ӯ иброз намуд, ки дар гузашта дар як ширкати сохтмонии шаҳри Маскав кор мекард, вале бо сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 бо кори пештараи худ расида натавонист.
Ин сокини ноҳияи Ашт таъкид намуд, ки таҷрибаи кориаш дар сохтмонро роҳбарони ширкати Русия дар Хуҷанд дуруст дарк карданд ва онҳо барои ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.
“Ҳангоми суҳбат мо иброз намудем, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷумлаи андовагар, сангчин, кошинкориро ба иҷро расонида метавонем. Роҳбарони “Тех строй” дар навбати худ иброз намуданд, ки чунин мутахассисонро сатҳи баланд ҳисоб мекунанд ва асосан ба чунин мутахассисон шартномаи ҳамкорӣ бастанианд”, -мегӯяд Азизмат.
Зариф Шодиев, як сокини 35 солаи ноҳияи Деваштич гуфт, даҳ сол ба ин тараф умдатан ҳисоби зиндагии хонаводашро аз ҳисоби кору заҳмати муҳоҷирати Русия таъмин мекунад. Ӯ гуфт, хуруҷи бемории ҳамагири каронавирус ба мисли ӯ, ба иқтисодиёти даҳҳо хонаводаи муҳоҷирон зарбаи ҷиддӣ расонд.
“Аввалҳо дар муҳоҷират боркашонӣ мекардам. Баъдан як муддат ронандаи таксӣ ҳам будам. Таҷрибаи панҷсолаи кор дар сохтмони иборатҳои баландро дорам. Мо дар Хуҷанд бо корфармоён суҳбат кардем дар баробари дигар шартҳо додани маош дар вақташро пешниҳод кардем”, гуфт Шодиев.
Барои ҷалб намудани қувваи корӣ ташриф оварданд. Ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти муҳоҷират Николай Папов, роҳбари ҶСК “Тех строй” шаҳри Маскав дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон қайд намуд, ки бахши аъзами коргарони ин ширкат аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ аст ва аз ҳамин лиҳоз ӯ бо гурӯҳи иборат аз 16 нафараи худ барои бастани шартномаҳо ба корҷӯён ба Тоҷикистон омаданд.
“Давоми ду рӯз бо бештар аз 500 нафар шартномаҳо ба имзо расонида шуд. Дар ин миён бештар аз 40 нафар ҳамчун мутахассиси баландсоҳа қабул гардиданд”, гуфт роҳбари “Тех строй” и Маскав.
Бино ба гуфти Папов, баъд аз Хуҷанд сафари онҳо ба шаҳри Душанбе низ дар назар буда, то 6 уми март сокинонро барои ҳамкорӣ қабул мекунанд.
Ширкати “Тех строй” бастани 1000 шартнома бо ҳамкорони тоҷикро дар нақша дошта, масъалаи ташкили хатсайри чартерӣ, расамиётдарории ҳуҷҷатҳо аз қабили иҷозатномаи ҷойи кор, таъмин намудан бо хобгоҳ ва сари ҳар моҳ пардохт намудани маоши муҳоҷиронро ба уҳда гирифтааст.