ДУШАНБЕ, 4 март - Sputnik. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбози тоҷик бо тими "Қизилқум" –и Ӯзбекистон шартнома баст.
Ба иттилои манбаъ, муҳлати шартномаи Ҷаҳонгир Эргашев то охири мавсими ҷорӣ буда, ҳамакнун ӯ дар Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад.
Ҷаҳонгир Эргашеви 26-сол дошта нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон мебошад ва яке аз футболбозони умедбахши кишвар гуфта мешавад
Тими охирини Эргашев “Хуҷанд” буд, ки ӯ бо он даста медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистонро дар мавсими гузашта ба даст овард.
Қабл аз “Хуҷанд” ӯ дар тими "Саиф Спортинг Клуб"-и Бангладеш бозӣ мекарда ва тобистони гузашта дубора ба ин дастаи аввалааш баргашт.
Ҷаҳонгир Эргашев дастпарвари футболи Суғд аст. Фаъолияти касбии худро дар “Хуҷанд” оғоз кардааст. Дар ҳайати асосӣ "Хуҷанд" ӯ чаҳор маротиба ноиби чемпиони кишвар (2015, 2017, 2018, 2019) ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон (2017) шуд.
Ёдовар мешавем, авохири моҳи гузашта ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Фарҳод Восиев бо бошгоҳи футболи "Тамбов" шартнома баст.