ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, ин нерӯҳо дар имтидоди марзи ду кишвар бо назорати гузаргоҳҳо ва роҳҳои пинҳонӣ машғул хоҳанд буд.
“Ҳадафи аслии онҳо ҷилавгирӣ аз афрод ва ё гурӯҳҳоест, ки ба Тоҷикистон маводи нафтии Русияро дубора (реэкспорт) ва ғайриқонунӣ содир мекунанд. Ин қабил авомил то кунун бензин ва дигар фаровардаҳои нафтиро ба Тоҷикистон қочоқ мекарданд ва аз ин тиҷорати худ фоидаҳои ҳангуфт медиданд" - гуфтанд ин манобеъ.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки акнун ҳукумати Қирғизистон ҷиддан тасмим гирифтааст, ки аз фаъолиятҳои ғайриқонунии қочоқчиён ҷилавгирӣ кунад.
3 марти соли равон сарвазири Қирғизистон Улукбек Марипов ба як қароре имзо гузошт, ки бино ба он, содироти нафту фаровардаҳои нафтӣ аз Қирғизистон ба ҳудудҳои берун аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё манъ шуд.
Расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки ин қарор ба хотири ҷилавгирӣ аз коҳиши бесобиқаи ин навъи мавод дар бозори дохилӣ содир шудааст ва ин мамнуъият содироти нафту фаровардаҳои нафтӣ аз тариқи роҳҳои мошингард ва оҳанро дарбар гирифтааст, ки то пур шудани бозори дохилӣ ё ташкили бозорҳои муштараки нафту фаровардаҳои нафтии Иттиҳоди иқтисодии Аврупо идома хоҳад дошт.
Бино ба иттилои ин манобеъ, ин мамнуъият ба маҳсулоти нафтие, ки тавассути афроди алоҳида аз хоки Қирғизистон барои истифодаи шахсӣ харидорӣ мешаванд, рабт надорад, аммо як шахс метавонад хазинаи сӯхт (бак) - и мошинашро пур кунад ва ҳам дар як зарфи ҷудогона бо ҳаҷми на беш аз 20 литр ин навъи маводро харидорӣ намояд.
Бино ба қарори сарвазири Қирғизистон, мақомоти зидахли ин кишвар – шуруъ аз Хадамоти гумруку марзбонӣ то вазорати нақлиёту Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ин кишвар дастури қатъӣ гирифтаанд, ки аз ҳар гуна талош барои содироти ғайриқонунии нафту фаровардаҳои нафтӣ ҷилавгирӣ намоянд.
Ин қарор аз рӯзи имзо шуданаш, яъне 3 марти соли равон, ба иҷро даромадааст.
Тибқи иттилои расмӣ, Қирғизистон бо саҳми 2,02% сеюмин кишвари воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ пас аз Русия (78,43%) ва Қазиқистон (15,24%) ба бозори Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин кишвар дар соли 2020 дар ҳаҷми 11 ҳазору 780, 93 тон маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, ба маблағи 5 миллиону 333 ҳазору 248 доллар ворид кардааст.
Ин ҳам омори расмӣ аст, аммо дар асл бештарин маводи нафтии Қирғизистон ба Тоҷикистон дубора ва ғайриқонунӣ содирот мешавад. Ин маводи нафтиро Қирғизистон аз Русия ба даст меорад. Аммо дар ин тиҷорати ғайриқонунӣ чӣ қадар маблағ гардиш мекунад, омори расмӣ хомӯш аст.