Ҳиндустон ба муносибати 110-солагии Мирзо Турсунзода намоишгоҳ доир менамояд

Ҳиндустон дар осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 110-солагии шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода намоишгоҳ доир менамояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Осорхонаи миллии Деҳлӣ ният дорад, ки бахшида ба таҷлили 110-солагии шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ доир намояд.
Ин масъаларо директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх баррасӣ кардаанд.
Тоҷикистон ба Ҳиндустон мева содир карданист
Бино ба гузориши Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев,  ҳайати корпуси дипломатии Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, ки аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо забони ҳиндӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуда, таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик боз ҳам бештар муаррифӣ карда шудааст.
Манбаъ афзуда, ки ҳамин тавр, онҳо бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи миллати тоҷик, аз ҷумла бозёфтҳои ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, шурӯъ аз асри санг давра ба давра то замони муосир, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дастовардҳои замони истиқлол дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш шинос гардидаанд.