Тоҷикистону Озарбойҷон хатсайрҳои сайёҳӣ ба роҳ мемонанд

Намояндагони Тоҷикистону Озарбойҷон масъалаи ташкили хатсайрҳои нав, бозомӯзии мутахассисон ва пахши маълумот оид ба имкониятҳои сайёҳии ду кишвар тавассути воситаҳои ахбори оммаро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Роҳбарони мақомоти сайёҳии Тоҷикистону Озорбойҷон бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар шакли маҷозӣ мулоқот карданд.
Бино ба гузориши Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва раиси Агентии давлатии сайёҳии Озарбойҷон Фуад Нагиев вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷӯразода гуфт, сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон фоидаовар нест
"Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мизи мудаввари маҷозӣ бо иштироки ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор карда шавад", - омадааст дар хабарнома.
Ҷонибҳо доир ба тақвияти муносибатҳо дар соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати ташкили хатсайрҳои нав, бозомӯзии мутахассисон ва пахши маълумот оид ба имкониятҳои сайёҳии ду кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма гуфтугӯ кардаанд.
Манбаъ афзуда, ки тарафҳо тақвияти заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҳамкориҳои тарафҳоро муҳим арзёбӣ карданд.