Тоҷикистон аз Бонки Рушди Осиё кӯмак хост

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо роҳбари навтаъйини Намояндагии доимии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон масоили сармоягузорӣ ба инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Имконияти афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявии Бонки Рушди Осиё дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода  бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии доимии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон хонум Шенни Кэмпбелл қарор гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.
Тоҷикистон ба Афғонистон таъсиси терминали логистикӣ дар Панҷро пешниҳод кард
Бино бар иттилои манбаъ, вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои асосӣ, аз қабили сармоягузорӣ ба инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиёт, рушди фазои сармоягузорӣ ва минтақахои озоди иқтисодӣ, иқтисоди сабз, таҳсилоти касбӣ ва тренингҳо, инчунин мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро бо таваҷҷуҳ ба минтақаҳои сусттараққикардаи кишвар муҳокима намуданд.
Ҳамзамони зимни мулоқот, имконияти афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявии Бонки Рушди Осиё дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла ба буҷети давлатӣ, инчунин татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи рушди миёнамуҳлати иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025” баррасӣ карданд.