Таъйиноти кадрӣ: бо розигии Президент Азимзода Шуҳрат вазифаи нав гирифт

Бо қарори раиси шаҳри Норак Азимзода Шуҳрат ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъйин гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак, бар асоси розигии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 2 марти соли 2021 бо қарори раиси шаҳри Норак аз 3 марти соли равон Азимзода Шуҳрат ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин гардид.
Гуфта шудааст, ки қаблан Азимзода Шуҳрат дар вазифаи мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак кор мекард.

Муовини нави раиси шаҳри Норак кист?

Азимзода Шуҳрат 11 июни соли 1979 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба дунё омадааст.
Соли  2002 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимиро бо ихтисоси меъмор хатм кардааст.
Азимзода Шуҳрат муовини якуми раиси шаҳри Норак
Гуфта шудааст, ки фаъолияти кориашро солҳои 2003-2006 Муҳандиси дараҷаи 1-уми  ХППАПБ-и  назди сармеъмори шаҳри Норак оғоз кардааст.
Сипас соли 2006-2007 ҳамчун меъмор, муҳандиси дараҷаи 1-уми ХППАПБ-и назди сармеъмори шаҳри Норак кор карда, дар соли 2007  Сардори ХППАПБ-и  назди сармеъмори шаҳри Норак таъин шуда буд.
Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ: Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ҷо ба ҷо кард
Дар соли 2008 ба вазифаи муҳандис-заминсоз, директори корхонаи фаръии “Барқ-замин”-и  шаҳри Норак таъин шуд.
Дар солҳои 2009-2012 дар вазифаи сармутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри  Норак кор карда алакай дар соли 2013 ба вазифаи лоиҳакаш, сармеъмори КД КВД “Лоиҳакаш” дар шаҳри Норак таъин шуд.
Номбурда аз соли 2014 то соли 2021 ба ҳайси мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии шаҳри Норак кор карда, аз санаи 3 марти соли 2021 ба розигии раисҷумҳур ва қарори раиси шаҳри Норак ба вазифаи муовини  якуми раиси шаҳри Норак таъин шуд.