Сомонӣ тақвият меёбад: Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард, ки асъори миллӣ нисбат ба ҳафтаи гузашта каме тақвият ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1522 сомонӣ нишон дода шудааст.
Бонки миллӣ гуфт дар як соли пандемия сомонӣ чӣ қадар беқурб шуд
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.5971 то 13.8200 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1527 то 0.1540 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1525 - 0,1550 сомонӣ муқаррар кардаанд.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1525 то 0.1555 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1560 сомонӣ нишон дода шудааст.
Пешгӯиҳо дар мавриди қурби рублу доллар дар моҳи март
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".