Шабакаи барқи Эрон, Русия ва Озарбойҷон ба ҳам мепайвандад

Сафири Эрон дар Озарбойҷон эълон кард тавофуқ шудааст, ки то ба зудӣ шабакаи барқи Эрон, Озарбойҷон ва Русия ба якдигар пайваст шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Саидаббоси Мусавӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории  Trend гуфтааст, ки бо муттасил шудани шабакаи барқи Эрон, Озарбойҷон ва Русия имкони баҳрабардорӣ аз барқи афзун бар ниёзи ин кишварҳо барои тарафҳои дигар фароҳам мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо вазири энергетика чӣ масъаларо баррасӣ кард
Сафири Эрон дар Озарбойҷон ҳамчунин бо ибрози норизоятӣ аз ҳаҷми 500 миллион доллари равобити тиҷории ду кишвар гуфт: “Муътақидам бо ҳамкориҳои наздик ва иҷрои проектҳои муштараки бештар, қодир хоҳем буд то ҳаҷми равобитро то 5 миллиард доллар афзоиш диҳем” .
Мусавӣ ҳамчунин гуфт, ки Эрон ба унвони ҳамсояи Озарбойҷон, аз фурсатҳои зиёде бархӯрдор аст ва метавонад ба давлат ва мардуми ин кишвар дар заминаи бозсозии Қарабоғ кӯмак кунад.