ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарореро ба имзо расонд, ки тибқи он санаи баргузории иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум маълум шудааст.
Тибқи қарори мазкур ҷаласаи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе санаи 17 март баргузор хоҳад шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар рӯзномаи иҷлосия баррасии масоили марбут ба рушди саноат дар шаҳр, вазъи истифодаи моликияти коммуналӣ дар пойтахт зикр шудаанд.
Ҳамзамон дар қарор аз вакилон дархост шудааст, ки то 15 март бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.