ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Соҳибкори ҷопонӣ Юсаку Маезава дар бораи ҷалби гурӯҳ барои парвоз ба Моҳ хабар дод. Вай дар ин бора дар сафҳаи Твиттери худ эълом кардааст.
Ҳашт нафар метавонанд, ки ба моҳвораи Замин сафар кунанд. Парвоз ба моҳ дар соли 2023 пешбинӣ шудааст.
Бо вуҷуди ин, корҳо он қадар содда нестанд: Маезава як қатор шартҳоро ба миён гузошт, яъне ихтиёриён бояд онҳоро иҷро кунанд. Аввал ин хоҳиши ҳар довталаб барои расонидани манфиат ба ҷомеа тариқи парвоз ба Моҳ аст.
"Ҳар пешае ки доред, ман умедворам, ки парвоз ба моҳ ба шумо кӯмак мекунад, ҳудуди фаъолиятҳоятонро васеътар созед, то ба дигарон ва дар маҷмӯъ ба ҷомеа манфиати бештаре оред", - гуфт соҳибкор.
Ҳамчунин шарти дуввум, хоҳиши дар як гурӯҳ кор кардан ва дастгирии ҳар як иштирокчии сафари ғайриоддӣ мебошад.
Қаблан Маезава ҳуқуқ пайдо кард, то аввалин сайёҳи кайҳонии SpaceX шавад ва ӯ ҳамаи ҷойҳои киштии Starship -ро харидорӣ кард.
Миллиардер 45 сол дорад. Вай бузургтарин мағозаи онлайнии либосҳои Ҷопон Zozotown -ро таъсис дод. Тибқи маҷаллаи Форбс, Маезава дар рейтинги сарватмандтарин ҷопониҳо дар ҷои 23-юм қарор дорад. Дороии соҳибкор ба ду миллиард доллар баробар аст.
Пештар, Маезава чунин озмунро ташкил карда буд, аммо шарти асосии он танҳо иштироки занон буд. Ҳамин тариқ, миллиардер пас аз ҷудо шудан бо дӯстдухтари худ рафиқе пайдо карданӣ буд.
Соли гузашта соҳибкор озмунеро барои муштариён ташкил кард. Вай дар Twitter байни 100 нафар одамони тасодуфӣ 900 000 долларро гузошт. Ин твит маъмултарин дар таърихи шабакаи иҷтимоӣ шудааст.