Беморхонаҳои Душанбе чӣ ҳол доранд? Абдуллозода шабона ба аёдати беморон рафт

Раҳбаритяи Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабона ба як қатор бемористонҳои шаҳри Душанбе рафта, бо вазъи кори муассисаҳо ошно шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Зулфия Абдусаматзода шаби 1 марти соли равон ба як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанб рафта, беморонро аёдат намуданд.
Бовар накунанд омада бинанд: Абдуллозода гуфт, Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, аз ҷумла Ҷамолиддин Абдуллозода ба Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов ва муовини вазир Зулфия Абдусаматзода ба Маркази саломатии шаҳрии № 2-и шаҳри Душанбе рафта, бо фаъолияти шабонаи онҳо  шинос шудаву бо беморон суҳбат кардаанд.
Аснои мулоқот бо беморон роҳбарияти вазорат иброз доштанд, ки Ҳукумати кишвар, ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус зоҳир намуда, айни замон ҷиҳати  расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам овардааст.
Манбаъ таъкид мекунад, ки маҳз ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои президент Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини солимии аҳолӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои муҳимро рӯйи кор гирифтааст ва корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Боздиди Абдуллозода аз маркази саломатие, ки Ӯзбекистон дар Қубодиён месозад
Тибқи иттилои вазорат, ҳадаф аз гаштҳои шабона ва рӯзонаи роҳбарияти вазорат, пеш аз ҳама шиносоии бевосита бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, аёдати беморон ва гуфтугӯи озод бо онҳо, таҳлилу баррасии вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.