ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз зиёд шудани ҳолатҳои сироятшавии одамон ба маризии коронавирус хабар медиҳад. Роҳбари ин созмон Тедрос Гебрейесус зимни брифинги ахир гуфт, давоми муддати тӯлонӣ боз сироятшавӣ ба вирус авҷ гирифта истодааст.
"Бори нахуст давоми 7 ҳафтаи ахир мо шоҳиди афзоиш ёфтани мавориди сироятшавӣ ба коронавирус гардидем. Аз ҷумла дар Амрико, Аврупо, Осиёи Ҷанубу-Шарқӣ ва Баҳри Миёназамин ҳолатҳои гирифторӣ ба ин вирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст", - тавзеҳ медиҳад Гебрейесус.
Роҳбари СҶБ иллати афзоиш ёфтани мавориди нави сироятшавиро ба сабук шудани маҳдудиятҳҳо ва фориғболии мардум рабт медиҳад.
Танҳо дар як ҳафтаи сипаришуда созмони мазкур зиёда аз 2,6 миллион ҳолати ҷадиди дардманд шудани одамонро ба қайд гирифт.
Сироятшавӣ аз ҳама беш дар Амрико (28,6) сабт шудааст. Дар Ҳиндустон 11,1 миллион, Бразилия 10,5 миллион сабт гардидааст.
Русия аз миёни кишварҳое, ки сироятшавӣ аз коронавирус афзоиш меёбад, дар мақоми чорум ҷой дорад. Дар муддати зикгардида дар ин Русия 4,2 миллион маризи нави коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаҳон ҳоло беш аз 114 миллион нафар ба коронавирус сироят шуда, ҳамчунин аз ин дард 2,53 миллион нафар фавтиданд.