Оғози озмоиши инсонии дувумин ваксинаи эронӣ бар зидди коронавирус

Озмоиши инсонии ваксинаи зидди коронаи тавлиди ширкати Розии Эрони мавсӯм ба "Розӣ Куу Порс" оғоз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik.  Ваксинаи ширкати Розӣ, ки нахустин ваксинаи тазриқӣ - истиншоқии корона аст, рӯзи якшанбе бо тазриқи марҳалаи аввали озмоиши инсонӣ ба ду довталаб оғоз шуд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.
Бино бар иттилои манбаъ, Муҳаммадҳасани Фаллоҳии Меҳрободӣ, муовини таҳқиқоту фанноварии муассисаи таҳқиқотии Розӣ дар ин маросим шумори довталабони марҳалаи аввали озмоиши инсонии ин ваксинаро 133 нафар эълом кард ва гуфт, ки 13 нафар дар гурӯҳи аввал ва бақия ҳам дар чаҳор гурӯҳи 30 нафараи вориди ин тарҳи мутолиъотӣ хоҳанд шуд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои хариди ваксина 8 миллион доллар ихтисос медиҳад
Гуфта шудааст, ки ваксинаи "Розӣ Куу Порс"  мутобиқ бо дастуруламали Созмони ҷаҳонии беҳдошт тавлид шудааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар Эрон бо дастури Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳурии ин кишвар эмгузаронии сартосарӣ бар зидди коронавирус бо истифода аз ваксинаи "Спутник V" - и сохти Русия оғоз шуд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, сухангӯи Созмони ғизо ва доруи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар маросими оғози ваксинатсияи корона дар Эрон гуфт, ки нахустин ҳазор нафар бо ваксинаи русӣ эмгузаронӣ шуданд ва сипас бо тавваҷуҳ ба арзёбии муҷаддад ин кор афзоиш меёбад то ба ҳадди аксар бирасад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Вай изофа кард, эмгузаронии умумӣ ва ҳамагонӣ бар зидди вируси корона дар Эрон соли 2021 такмил мешавад ва "умедворем ҷузви аввалин кишварҳое бошем, ки ваксинатсияи умумиро ба итмом мерасонад".
Нахусти маҳмӯлаи ваксинаи русӣ бар зидди вируси корона мавсӯм ба "Спутник V" рӯзи панҷшанбе ба Эрон ирсол шуд.
Ваксинаи русии "Спутник-V" дар беш аз 20 кишвар аз ҷумлаи Эрон сабт шудааст.