ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, тамдиди иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк" санаи аз 26 феврали соли равон тасдиқ ёфтааст.
"Бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк" барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ба "Амонатбонк" барои фаъолияти оператори низоми пардохтии миллии "Корти миллӣ" бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд", - таъкид доштааст Бонки милӣ.
Гуфта шудааст, ки мутобиқи қарори мазкур, иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк", ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шуда буд, беэътибор дониста шудааст.
Ҳамзамон роҳбарияти Бонки миллӣ Идораи низоми пардохтро вазифадор кардааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти зерин сабти дахлдорро ворид намояд.
Инчунин бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2021, бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток" барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ба "Вестерн Юнион ДП Восток" барои фаъолияти оператори низоми пардохтии "Вестерн Юнион" бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар асоси қарори зикршуда, иҷозатномаи ҶДММ "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток", ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Ҳамчунин роҳбарияти Бонк, Идораи низоми пардохтро барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ вазифадор намудааст.