СҶБ гуфт чанд фисади аҳолии ҷаҳон алайҳи COVID масуният доранд

Ин созмон мегӯяд, роҳи ягонаи ба даст овардани масунияти оммавӣ ин эмгузаронии сартосарӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Камтар аз 10 фисади аҳолии ҷаҳон алайҳи вируси COVID - 19  масуният пайдо кардаанд, гуфт Сумия Сваминатан намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт.
Нигаронии роҳбари СҶБ аз тақсими ноодилонаи ваксина дар ҷаҳон
Дар мусоҳибае, ки дар Твиттери ин ташкилот нашр шудааст Сваминатан қайд намудааст, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт таҳқиқотҳое, ки манбаъи сироят шудани сокинони ин ё он шаҳрро ба ин маризӣ дақиқ мекунад, мавриди назорати худ қарор додааст.
Намояндаи ин созмон мегӯяд, ки гарчанде дар аксар шаҳрҳо масунияти оммавӣ пайдо шудааст, вале аз эълон кардани мусунияти ҷаҳонӣ алайҳи ин беморӣ ҳоло барвақт аст.
Вай мисол овард, ки дар якчанд шаҳрҳои сераҳолӣ, манбаҳое мавҷуданд, ки 50-60 фоизи аҳолӣ гирифтори коронавирус шуда, аллакай нисбати ин вирус антител доранд.
"Аммо, ин маънои онро надорад, ки тамоми шаҳр, вилоят, иёлот ё кишвар ба масунияти оммавӣ даст ёфтааст", - таъкид кард коршинос.
Вай фаҳмонд, вақте сокинони ин маҳалҳо бидуни масуният берун аз он сайр мекунанд, онҳо то ҳол хатари сироят доранд. Ба таъкиди ӯ, ягона роҳи ба даст овардани масунияти оммавӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ин эмкунии сартосарӣ мебошад.