Дар Туркия як модар барои наҷоти фарзандони худ онҳоро аз тирезаи бинои баландошёна ба замин ҳаво додааст.
Сомонаи Daily Sabah менависад, зан ба чунин кор баъди он даст зад, ки сӯхтор манзили зисташро фаро гирифт. Гуфта мешавад, сӯхтор дар яке аз манзилҳои бинои баландошёна дар ноҳияи Эсенлер дар Туркия рух додааст. Сӯхтор дар манзиле сар зад, ки хонаводае бо чаҳор фарзанд ба сар мебурд.
Модари кӯдакон чор фарзанди худро ба навбат аз тирезаи бинои баландошёна ба поён ҳаво дод ва ба ин васила ҷони кӯдаконашро аз марг наҷот дод.
Манбаъ меафзояд, сӯхтор хомӯш гардидааст ва сабаби он дақиқ мешавад.