ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ВМКБ аз рух додани ду ҳодисаи нохуш хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи аввал дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, субҳи рӯзи 27 феврал дар соҳили дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ ҷасади шахсияташ номаълум намоён шудааст. Зимнан, кормандони раёсати мазкур ҷасадро фавран аз дарё берун оварда, барои дақиқ шудани асли воқеа онро ба мақомоти дахлдор супурданд.
Муайян шудааст, ки марҳум сокини 57 - солаи шаҳраки Исмоили Сомонии шаҳри мазкур мебошад.
Ҳамчунин як ҳодисаи дигар дар ноҳияи Роштқалъа рух додааст.
Раёсати КҲФ дар вилоят хабар медиҳад, ки рӯзи 28 феврал, соати 16:10 бар асари резиши санг дар деҳаи Видоҷи ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа сокини 52-сола ба ҳалокат расидааст.
Бино ба гуфтаи шоҳидон, марҳум дар кӯҳ машғули чорвочаронӣ будааст. Сокинони деҳа ҷасади ӯро аз кӯҳ поин оварда, ба соҳибонаш супурдаанд. Ҷузъиёти бештари марги сокини Роштқалъа ифшо нашудааст.